18 Апрел 2025 - 21:07
Source: Parstoday
«Замини дигаре нест», ривояте аз истодагии поённопазири фаластиниҳо дар муқобили ишғолгарон

Мустанади «Замини дигаре нест», ривояте аз талошу муқовимати фаластиниҳо муқобили ишғолгарии саҳюнистҳо аст.

Дар маросими имсол (2025) Оскар филми мустанади «Замини дигаре нест», ба унвони беҳтарини филми мустанад, барандаи ҷоизаи Академия шуд. Ин филми синамоӣ, кори муштараки як гуруҳи фаластинӣ ва ҳомиёни сулҳ буд, ки мухолифи ишғолгарии режими саҳюнистӣ ҳастанд. Yuval Abraham, Rachel Zor, Hamdan Bilal ва Basel Adra созандагони ин филм ҳастанд. Ин филми синамоии мустанад дар ҷашнвораҳои мухталиф таҳсин шуду бо таваҷҷуҳ ба мавзӯи достони филм, ки дар мавриди раванди ишғолгарии режими саҳюнистӣ ва сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар арозии ишғолӣ аст бо таҳсини бисёре аз мунтақидини синамоӣ низ мувоҷеҳ шуд.

Ривояти филм

Достони мустанади «Замини дигаре нест», ривояти рӯстои васеъи «Масофарито» дар Каронаи Бохтарӣ аст, ки дар як давраи таърихӣ байни солҳои 2002 то 2022 раванди ишғоли он густариш меёбад. Артиши режими саҳюнистӣ ба баҳонаи сохти пойгоҳи низомӣ бо ҳукми додгоҳе дар сарзаминҳои ишғолӣ сокинони фаластинии ин рӯсторо аз маҳали зиндагии худ берун мекунанд.

Ишғолгарони саҳюнист, бо бераҳмӣ ба самти фаластиниҳо тирандозӣ мекунанд. Муътаризон ба ишғолгарӣ боздошт ва ба зиндон мунтақил мешаванду тамомии хонаҳои рӯсто ҳатто мадорис низ тахриб мешаваду сокинони он ночор мешаванд дар чодар зиндагӣ кунанд. Basel ва Yuval, аз созандагони филм, ки худ низ аз мухолифони иқдомоти ишғолгаронаи саҳюнистҳо ҳастанд дар маърази таҳдиди онҳо қарор доранд.

Достони ин филми мустанад, раванди тахриби чандсолаи рӯстои «Масофарито»-ро ба намоиш мегузорад. Фаластиниҳо барои эҳқоқи ҳуқуқи машрӯъи худ талош мекунанд ва бо вуҷӯди иқдомоти хушунатбори саҳюнистҳо ба муқовимат идома медиҳанд. Ишғолгарони низомии саҳюнист бо ҳимоят аз саҳюнистҳои ифротӣ, ки сокини шаҳракҳои саҳюнистнишин ҳастанд низ хушунат алайҳи фаластиниҳоро ташдид мекунанд.

Филм, замоне ба поён мерасад, ки «Масофирито» аз минтақаи рӯстоии фаластиннишин ба пойгоҳи низомии саҳюнистҳо табдил шуда ва арозии ишғолии атрофи он низ барои сохти шаҳракҳои ғайри қонӯнӣ омода мешавад.

Воқеият чист?

Мухотаби ин мустанади синамоӣ, бо дидани достони ин филм ба хубӣ метавонад бо раванди ишғолгарии саҳюнистҳо ва равишҳое, ки ба кор мебаранд ошно шавад. Созандагони филм низ ин равандро ба хубӣ намоиш медиҳанд, ки чӣ гуна низомиёни саҳюнист бо сукути расонаӣ дар ҷаҳони Ғарб бо камтарин маҳдӯдиятӣ ва зери по гузоштани қатъномаҳои Созмони милал арозии фаластиниҳоро ишғол мекунанд ва барои расидан ба аҳдофи шуми худ аз ҳеҷ ҷинояте, аз ҷумла куштору хушунат алайҳи занону кӯдакон низ худдорӣ намекунанд.

Мустанади «Замини дигаре нест», ривояти бахше аз ҷиноёте аст, ки низомиёни саҳюнист алайҳи сокинони аслии сарзамини Фаластин, ба сӯрати рӯзмарра анҷом медиҳанд. Аҳамияти пахши ин мустанад, пас аз амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» нишон медиҳад, ки виҷдонҳои бедору огоҳи ҷаҳон ишғолгарии саҳюнистҳо ва ҷиноёти онҳоро барнаметобанд ва ба навъе худро ҳамроҳ ва дар канори мардуми мазлӯми Фаластин қарор медиҳанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha